Имрӯз, 26 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳайати Ассотсиатсияи футболи Чин (CFA) баргузор гардид.
Дар ҷаласа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва сардори раёсати байналмилалии ФФТ Давлатманд Исломов, аз ҷониби меҳмонон муовини дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Чин Си Хе, сардори департаменти мусобиқаҳои CFA Сонг Хуан ва корманди департаменти миллии рушди футболи CFA Ючен Юе ширкат карданд.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи федератсияҳои футбол, баргузории бозиҳои байналмилалии дӯстона байни мунтахабҳои гуногуни мардонаю занона, ҷавонон ва футзали ҳарду кишварро муфассал баррасӣ намуданд. Ҳамчунин таҳияи барномаҳои муштараки таълими мураббигӣ, таблиғи футболи занону наврасон, ҳамкорӣ дар бахшҳои маркетинг, тиб, доварӣ ва дигар бахшҳои футбол ба нақша гирифта шуданд.
«Бо ифтихори бузург дӯстони худро аз Чин хайрамақдам мегӯем. Шодем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Чин бо ҳам шариканд. Умедворем, ки федератсияҳои мо дар ҳама самтҳои футбол ҳамкории зичро идома хоҳанд дод», – гуфт Алишер Урунов, ноиби президенти ФФТ зимни вохӯрӣ бо ҳайати Ассотсиатсияи футболи Чин.
«Барои меҳмоннавозии гарму самимии ҳайати вакилони мо миннатдорӣ баён мекунем. Мо ба сатҳи ҳамкориҳои худ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем, дастаҳои мунтахаби кишварҳоямон зуд-зуд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун бо ҳам вомехӯранд. Бо истифода аз фурсат, мо тими миллии Тоҷикистонро ба ифтихори баромадан ба Ҷоми Осиё-2023 табрик гуфта, ба онҳо дар қисмати ниҳоии мусобиқот барору комёбӣ таманно мекунем», – гуфт дар навбати худ Си Хе, муовини дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Чин.
Дар анҷоми мулоқоти корӣ ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.