Довароне, ки бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо ширкати тими миллии Тоҷикистон ҳакамӣ мекунанд, муайян шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Довароне, ки бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо ширкати тими миллии Тоҷикистон ҳакамӣ мекунанд, муайян шуданд

Номи доварон, нозирон ва комиссароне, ки дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо ширкати тими миллии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, маълум шуд.

Бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдунро ҳайати доварон аз Ироқ ҳакамӣ мекунад. Довари марказии вохӯрӣ довари 46-солаи ФИФА Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қаисӣ таъйин шуд. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ ва Амир Довуд Ҳусейн Ал-Виндавӣ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Зайд Темур Муҳаммад иҷро мекунад. Саъд Ал-Фадҳлӣ аз Кувайт кори доваронро назорат карда, Юн Мун Чуен аз Ҳонгконг комиссари бозӣ таъйин гардиданд. Ин бозӣ 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад.

Вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Покистону Тоҷикистонро ҳайати доварон аз Ҷопон доварӣ мекунад. Юсуке Араки довари марказӣ таъйин шуд. Ҷун Михара ва Кота Ватанабе ба ҳайси ёвар фаъолият менамоянд. Довари эҳтиётӣ Дуй Лан Нго аз Ветнам таъйин гардид. Кадҳум Ауда Лазим Ал-Саидӣ аз Ироқ нозири доварон ва Алим Орифов аз Ӯзбекистон комиссари бозӣ хоҳанд буд.

Бозии дастаҳои Покистон – Тоҷикистон 21 ноябр дар варзишгоҳи «Ҷинна»-и шаҳри Исломобод баргузор шуда, соати 14:00 оғоз мегардад.

 

🏆 Чемпионати ҷаҳон 2026. Марҳилаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 1

📅 16 ноябр (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 18:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇯🇴 Урдун

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

️ Даври 2

📅 21 ноябр (сешанбе)

️ Оғоз – соати 14:00

🇵🇰 Покистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Исломобод, варзишгоҳи «Ҷинна»

Назари худро бинависед