Марҳилаи ниҳоии Лигаи наврасони “Умед”-и Тоҷикистон байни футболбозони то 14 сола дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба анҷом расид. Мусобиқа байни дастаҳое баргузор шуд, ки ба Лигаи “Пешсаф” роҳ наёфта буданд.
Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои “Суғд-2” ва “Хатлон-1” вориди рақобат шуданд. Вақи асосии бозӣ бе гол анҷом ёфт ва ғолибро маълум накард. Дар задани силсилазарбаҳои пеналтӣ бошад, бахт ҷониби футболбозони навраси суғдӣ хандид ва онҳо бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуданд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад ду дастаи футболи наврасони пойтахт – ММВЗО “Солор” ва КМВА рӯбарӯ гардиданд. Бозӣ бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 ба фоидаи наврасони мудофиачӣ анҷом ёфт. Дар марсими ҷамъбасти мусобиқа ва мукофотонии қолибони Лигаи “Умед” байни наврасони то 14 сола директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, роҳбари Лигаи футболи бонувони кишвар Абдулло Соқиев, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқаҳои ЛФКНТ Шамсиддин Раҷабов ва директори Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор Раҳматулло Бобоев иштирок намуда, ҷоизаҳоро ба соҳибонашон тақдим карданд.
Сино Авғонов (ММВЗО «Солор»), Файзиддини Зафариён («Хатлон-1»), Самад Партовов (КМВА), Шаҳриёр Полвонов («Суғд-2») беҳтарин бозигарони дастаҳои худ эътироф гаштанд. Муҳсин Пулодзода аз дастаи “Суғд-2” бо шаш голи задааш беҳтарин нишонзани Лига ҳисобида шуд. Ҷоизаи беҳтарин бозигари мусобиқа насиби Абдулло Шаропов аз “Суғд-2” шуд.
Лигаи наврасони “Умед”-и Тоҷикистон байни бозигарони то 14 (U-14)
Бозӣ барои ҷои сеюм
ММВЗО «Солор» – КМВА – 0:3
Финал
«Суғд-2» – «Хатлон-1» – 0:0. Бо пеналти – 3:2