Дастаи «Регар-ТадАЗ» ғолиби чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи «Регар-ТадАЗ» ғолиби чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола шуд

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барандаи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола шуд. 

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни духтарони то 15-сола 18 даста ширкат кард, ки дар марҳилаи аввал ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Ғолибони се гурӯҳ, инчунин беҳтарин дастаи зинаи дуюм ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд. 

Футболбоздухтарони «Бешкент» (Носири Хусрав) дар вохӯрии ниманиҳоии чемпионат бар тими «Навбаҳор» (Мастчоҳ) – 3:0 ғалаба карданд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ «Регар-ТадАЗ» бар тими MМВФЧА-и «Хуҷанд» бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. 

Барандаи медалҳои биринҷии чемпионат «Навбаҳор» гардид, ки дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм аз ММВФЧА-и «Хуҷанд» пурқувваттар баромад – 3:1. 

«Регар-ТадАЗ» дар бозии ниҳоӣ бар «Бешкент» (1:0) зафар ёфта, дар ин синну сол қаҳрамони Тоҷикистон шуд. 

Дар натиҷа кумитаи тадорукот бозигарони беҳтаринро муайян кард. Аниса Раҳматуллоева («Регар-ТадАЗ») беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Дар ҳайати дастаи «Навбаҳор» Ҳусноро Қобилова беҳтарин бозигари чемпионат эътироф гардид. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Дилафрӯз Абдукаримова («Регар-ТадАЗ»), 32 гол, тақдим шуд. Мураббии беҳтарини чемпионат Зулайхо Сафарова дониста шуд, ки бо роҳбарии ӯ дастаи «Регар-ТадАЗ» медалҳои тиллоро ба даст овард.  Алиса Хусанова (Бешкент) соҳиби унвони беҳтарин бозигари лига шуд.

Назари худро бинависед