Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон (U-23) бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа бо иштироки 16 дастаи беҳтарини қора соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар марҳилаи интихобии мусобиқа дар гурӯҳи “В”, ки аз 25-ум то 31-уми октябр дар Душанбе доир гардид, ба дастаҳои Лубнон (1:0) ва Непал (6:0) ғалаба карда, аз тими Эрон (2:3) мағлуб шуд ва дар ҷамъбаст мақоми дуюмро ишғол намуд.
Дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23 солаи қораи Осиё дар марҳилаи интихобӣ дар 11 гурӯҳ бозӣ карданд. Тибқи низомнома ғолибони гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мушарраф шуданд.
Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби олимпии Қатар (гурӯҳи “А”), Эрон (“В”), Ироқ (“С”), Кувайт (“D”), ИМА (“Е”), Урдун (“F”), Австралия (“G”), Кореяи Ҷанубӣ (“Н”), Ветнам (“I”), Малайзия (“J”), Ҷопон (“К”) ҳамчун ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифтанд.
Дастаҳои мунтахаби Тайланд (“J”), Арабистони Саудӣ (“D”), Туркманистон (“F”) ва Тоҷикистон (“В”), ки дар байни дастаҳои ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо нишондодҳои беҳтарин доштанд, ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро пайдо карданд.
Мунтахаби Узбекистон ба Ҷоми Осиё-2022 ба ҳайси мизбон роҳхат гирифтааст.