Дарвозабони бошгоҳи футболи «Уфа» Олег Баклов (қад – 201 см), ки дар Табошар таваллуд шуда, дар Русия ба воя расидааст, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.
Акнун дарвозабони 29-сола метавонад дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ кунад. Худи Олег Баклов гуфтааст, ки омода аст, аз тобистони соли ҷорӣ пас аз анҷоми мавсим дар лигаи дуюми Русия ба сафи мунтахаби Тоҷикистон бипайвандад.
Олег Баклов 20 октябри соли 1994 дар Табошар (ҳоло шаҳр Истиқлол ном дорад) таваллуд шудааст. Дастпарвари футболи Сизран мебошад. Дар дастаҳои Русия «Сизран-2003», «Криля Советов», «Урал» ва «КАМАЗ» ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳоло ӯ шарафи бошгоҳи футболи «Уфа»-ро дар лигаи дуюми чемпионати Русия ҳимоя мекунад.