Дар Турсунзода курси мураббиён барои муҷаввизи «В»-и КФО оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Турсунзода курси мураббиён барои муҷаввизи «В»-и КФО оғоз шуд

Дар шаҳри Турсунзода курси мураббиён барои соҳиб шудан ба иҷозатномаи мураббигии дараҷаи “В”-и Конфедератсияи футболи Осиё оғоз шуд. Курси мазкур то 5-уми моҳи июн давом мекунад. Роҳбарии курсро дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё аз Тоҷикистон Боир Игамбердиев роҳбарӣ мекунад. Ӯро дастурдиҳандаи КФО, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон Илдар Рахманов кӯмак менамояд.

Дар ифтитоҳи курс директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров ширкат намуда, ба дастурдиҳандагону шунавандагон фаъолияти пурсамарро таманно намуд.

Ба курси мазкур 23 нафар мураббиён, аз ҷумла Ҷафар Ахмедов, Меҳвар Сулаймонов, Абдушукур Ҷалилов, Ҳоҷиқурбон Саидов, Собирҷон Умаров, Одилҷон Шарипов, Абдурашид Муродов, Шӯҳрат Раҳмонов, Мирзохоҷа Атоев, Фаридун Усмонов, Акбар Бердиқулов, Мубориз Асадбеков, Меҳрангез Шарифова, Собирҷон Раҷабов, Парвизҷон Сайфуллоев, Зубайдулло Нуров, Сунатулло Салимов, Толибҷон Темуров, Одилбек Махсумов, Фирӯз Абдураҳмонов, Азамат Шодиев, Зоирхон Холматов ва Даврон Маҳмудов.

Барномаи курс аз машғулиятҳои назариявию амалӣ иборат буда, дар ҷамъбаст шунавандагон имтиҳон месупоранд ва шахсони имтиҳонҳоро бумуваффақият супорида соҳиби иҷозатномаи мураббигии дараҷаи “В”-и Конфедератсияи футболи Осиё мешаванд.

Назари худро бинависед