Дар Тоҷикистон 10-умин солгарди Рӯзи футболи оммавиро таҷлил карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Тоҷикистон 10-умин солгарди Рӯзи футболи оммавиро таҷлил карданд

15 май дар Тоҷикистон 10-умин солгарди Рӯзи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиё таҷлил карда шуд.

Бахшида ба ин рӯз дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар фестивали футбол доир гардид, ки дар он ҳудуди 200 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Вахш, муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, инчунин ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун иштирок намуданд.

Фестивали футбол дар шакли бозиҳои шавқовар сурат гирифт. Дар майдон иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, машқҳои гуногунро иҷро карданд. Бачаҳо дар эстафетаю бозиҳо фаъолона иштирок намуданд.

Пас аз анҷоми фестивал ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ ва тӯб тақдим карда шуданд.

Назари худро бинависед