Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон фестивали футбол баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон фестивали футбол баргузор шуд

Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон фестивали футбол баргузор намуд.

Дар ин чорабинии варзишӣ зиёда аз 150 нафар писарону духтарон иштирок карда, дар машқҳо ва бозиҳои гуногуни футболӣ ширкат варзиданд. Барои иштирокчиёни хурдсол барномаи ҷолибу рангин омода гардид, ки ба рушди маҳорати футболии онҳо равона шудааст.

Ҳадафи асосии роҳандозии фестивал тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби кӯдакон ба машғулияти мунтазами варзиш, рушди футбол миёни писарону духтарон, инчунин фароҳам овардани фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни кӯдакон мебошад.

Ҷашнвора дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, ба кӯдакон лаҳзаҳои хушу фаромӯшнашаванда ҳадя намуд.

Дар анҷоми фестивал ба ҳамаи иштирокчиён тӯб ва футболкаҳо тақдим карда шуданд.

Назари худро бинависед