Чемпионати футзали занонаи CAFA-2022: мунтахаби Эрон пеш аз анҷоми мусобиқа унвони чемпиониро соҳиб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати футзали занонаи CAFA-2022: мунтахаби Эрон пеш аз анҷоми мусобиқа унвони чемпиониро соҳиб шуд

Дастаи мунтахаби занонаи футзали Эрон пеш аз анҷоми даври ҷамъбастии чемпионати Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) соҳиби медалҳои тилло ва унвони чемпиони мусобиқа гашт.

Дар даври чорум бонувони футзалбози эронӣ бо мунтахаби Узбекистон вохӯрданд.  Бозӣ шавқовару ҷолиб сурат гирифт ва ба ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом шуд.

Дар бозии дигари ин давр мунтахаби Тоҷикистон аз Қирғизистон бо ҳисоби 1 бар 4 шикаст хӯрд ва тамоми имкониятҳояшро барои соҳиб шудан ба медалҳои биринҷии мусобиқа аз даст дод.

Ба ин тартиб, пеш аз даври ҷамъбастии мусобиқа аллакай ҳамаи дастаҳои ҷоизадор маълум шуданд. Мунтахаби Эрон соҳиби медалҳои тилло, Узбекистон барандаи медалҳои нуқра ва Қирғизистон ҷоизадори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Бозиҳои даври ҷамъбастии мусобиқа рӯзи ҷумъаи 28 январ баргузор мешаванд. Дар ин рӯз Узбекистон бо Қирғизистон (15:00) ва Тоҷикистон бо Эрон (18:00) вомехӯранд.

 

    Б Ғ М Б Т И
1 Эрон 5 4 1 0 34-4 13
2 Узбекистон 5 3 1 1 28-8 10
3 Қирғизистон 5 1 1 3 5-28 4
4 ТОҶИКИСТОН 5 0 1 4 3-30 1

 

Дар даври 6-ум вомехӯранд:

28 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Қирғизистон

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Назари худро бинависед