Чемпионати CAFA-2022: имрӯз мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати CAFA-2022: имрӯз мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад

Имрӯз, 11 июл, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни мунтахабҳои занона баргузор мешаванд.

Соати 19:00 вохӯрии дастаҳои мунтахаби Туркманистону Қирғизистон оғоз шуда, соати 22:00 дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон вориди майдони рақобат мешаванд.

Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст! Ҳамаи мухлисонро ба тамошои футболи хубон даъват мекунем!

 

Чемпионати CAFA-2022 миёни мунтахабҳои занона

Даври 2

11 июл (душанбе)

19:00 – Туркманистон – Қирғизистон

22:00ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед