Ба ҳайати асосӣ ва ҷавонони “Хуҷанд” медалҳои нуқра тақдим шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ба ҳайати асосӣ ва ҷавонони “Хуҷанд” медалҳои нуқра тақдим шуд

Дар маҷмааи меҳмонсарои “Суғдиён” -и шаҳри Хуҷанд имрӯз, 10 феврал, дастаҳои асосӣ ва эҳтиётии бошгоҳи футболи “Хуҷанд” пас аз натиҷагирии мавсими гузашта бо медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон ва чемпионати ҷавонони кишвар сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин чорабинӣ раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят, узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба футболбозони “Хуҷанд” барои бозии шоистаашон дар мавсими гузашта ташаккур гуфта, ба футболбозон дастурҳои пурарзиш дод. Раҷҷаббой Аҳмадзода, бахусус муваффақияти ҳайати ҷавонони дастаро қайд карда, инчунин ба даста дар мавсими нав муваффақият орзу кард.

Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов дар маросими ҷоизасупорӣ дар назди иштирокчиёни чорабинӣ суханронӣ намуда, ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирии ҳамаҷонибаи даста миннатдорӣ баён намуд. Алишер Урунов, инчунин футболбозон ва ҳайати мураббиёни дастаи “Хуҷанд”-ро барои ба даст овардани медалҳои нуқра табрик гуфт ва ба даста дар мависми нав барору комёбӣ таманно намуд.

Назари худро бинависед