Ниммҳимоятгари “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилови 28-сола, беҳтарин бозигари соли 2021 эълон шуд.
Алишер Ҷалилов барои дуюмин бор аст, ки барандаи ҷоизаи “Беҳтарин бозигари сол” мегардад. Ӯ бори аввал соли 2019 ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Фатҳулло Фатҳуллоев соли 2017 ва Илҳомҷон Баротов соли 2020 ба гирифтани ҷоизаи мазкур мушарраф шуда буданд.
Барои дарёфти ҷоизаи “Беҳтарин бозигаре, ки аз Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар бозӣ мекунад”, се довталаб буд ва ҳарсе узви дастаи мунтахаби миллии кишвар мебошанд: нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев (“Локомотив”, Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Узбекистон), инчунин ҳамлагар Шаҳром Самиев (“Торпедо-БелАЗ”, Беларус). Ин ҷоиза ба Эҳсони Панҷшанбе супурда шуд.
Ба Файзалӣ Сардоров аз дастаи “Соро Компания”-и Душанбе ҷоизаи “Беҳтарин бозигари футзал дар соли 2021” тақдим гардид.
Ҳамчунин барандагони ҷоизаҳои “Беҳтарин футболбоззани сол” ва “Чеҳраи умедбахш” – футболбози ояндадори Лигаи наврасон бо тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.
Лайло Ҳалимова, ҳамлагари бошгоҳи «Хатлон»-и Бохтар, ки бо дастааш медали тиллои чемпионати Тоҷикистонро байни дастаҳои футболи занон ба даст овардааст, бо 67 голи задааш беҳтарин нишонзани мусобиқа гардида, бо ҷоизаи «Беҳтарин футболбоззани сол» сарфароз гашт.
Далер Шарипов, футболбози умедбахши сол дониста шуд.