Ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Узбекистон бо ҳисоби бузург – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Узбекистон бо ҳисоби бузург

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар бозии дувуми байналмилалии дӯстона мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-19)-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод.

Ин бозӣ бегоҳи якшанбе, 6-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, бе ҳузури тамошогарон доир гардид. Дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон голҳоро Абдулмуъмин Забиров (аз пеналтӣ), Салам Ашӯрмамадов, Рустам Соиров ва Суннатулло Исмоилов заданд. Голи меҳмононро Улуғбек Ҳошимов ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар бозии аввали дӯстона, ки 3-юми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд , бе ҳузури тамошогарон доир гардид, аз мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-19) бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Узбекистон (U-19) – 4:1

Голҳо: Абдулмуъмин Забиров, 34 – аз пеналтӣ (1:0). Салам Ашӯрмамадов, 40 (2:0). Рустам Соиров, 83 (3:0). Улуғбек Ҳошимов, 87 (3:1). Суннатулло Исмоилов, 90+2 (4:1).

Тоҷикистон (U-19): Муҳриддин Ҳасанов (Шоҳрух Қирғизбоев, 46), Исроил Холов (Ҷонибек Шарипов, 60), Алиҷон Кароматуллозода (Маҳмуд Пиров, 46), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Абдулмуъмин Забиров (Парвиз Ҳоҷиев, 85), Нидоёр Забиров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 69), Рустам Соиров (Суннатулло Исмоилов, 85), Ислом Зоиров (Азизбек Ҳасанов, 60), Шуҳрат Элмуродов (Шарифбек Раҳматов, 46), Салам Ашӯрмамадов (Озодбек Панҷиев, 46).

Узбекистон (U-19): Иззатилло Турсунов, Шоҳҷаҳон Султонмуродов, Мурод Хуҷамбердиев, Муҳаммадқодир Раҳимберганов (Руслан Розиев, 46, Улуғбек Ҳошимов, 80), Бектемир Абдуманнонов (Саидазамат Мирсаидов, 46), Бекзод Шамсиев, Ҳумоюн Шербутаев (Иброҳим Иброҳимов, 46), Асадбек Азимҷонов (Отабек Ҷӯрақузиев, 46), Музаффар Олимҷонов (Ҳусайн Норчаев, 54), Ҷалолиддин Содиқов (Абубакр Ризо Турдиалиев, 80), Улуғбек Оқназаров (Абдурауф Буриев, 46).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

6-уми сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

Назари худро бинависед