Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаҳои Урдун ва Покистон – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаҳои Урдун ва Покистон

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати тими миллиро барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо мунтахабҳои Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод) эълон кард. 

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10-уми ноябр дар Душанбе омодагиро ба бозиҳо оғоз мекунад.

 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тимҳои миллии Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод): 

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»); 

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»); 

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Ӯзбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эхсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА); 

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Ӯзбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»). 

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Назари худро бинависед