Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати ниҳоии дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн муқобили яккачини Ҳиндустон, ки рӯзҳои 5 ва 9 июн баргузор мешаванд, эълон кард.
Игор Ангеловский ба рақобатҳои дарпешистода 26 бозигарро даъват намудааст – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста рӯзи 30 май оғоз мешавад.
Ба далели ҷароҳат дарвозабон Олег Баклов, ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров, нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов ва ҳамлагар Рустам Соиров дар бозиҳои дӯстонаи дарпешистода муқобили Ҳиндустон иштирок намекунанд.