Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи «King’s Cup-2024» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи «King’s Cup-2024»

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои ширкат дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки аз 11 то 14 октябр дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешавад, эълон кард.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомиланд.

Субҳи 7 октябр мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи «King’s Cup 2024» тавассути транзити Дубай ба Сонгкхла сафар мекунад.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 11 октябр бо тими Сурия бозӣ менамояд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ ҳамон рӯз дастаҳои Тайланд ва Филиппин вомехӯранд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Рақобатҳои ниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2024» 14 октябр баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед