Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол 25 май дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳо баргузор карда мешаванд.
Дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивалҳои футбол доир мешаванд, ки дар онҳо ҳудуди 5 ҳазор кӯдак ширкат мекунанд. Фестивали асосӣ рӯзи 25 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар он 600 кӯдаку наврас фаро гирифта мешавад.
Илова бар ин, пеш аз баргузории бозиҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон, инчунин бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол иқдомҳои вижа рӯйи даст гирифта мешаванд.
Қобили зикр аст, ки 7 май Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод шудааст.