Дастаи мунтахаби милии Тоҷикистон, ки айни замон ҷиҳати ширкат дар бозии даври шашуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо тими миллии Урдун дар Амман қарор дорад, имрӯз, 11 октябр, тамрини аввалини худро дар ин сарзамин гузаронд.
Тамрин дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи байналмилалии Амман баргузор шуда, бештар аз яку ним соат давом ёфт ва дар он ҳамаи 21 нафар бозигарони даста ширкат карданд.
Дар вақти тамрин муҳофизатгар Ҷаҳонгир Ҷалилов осеби сабук бардошта, машғулиятро пештар аз дигарон қатъ кард. Умед мебандем, ки ин осеби муҳофизатгари мо ҷиддӣ набуда, Ҷаҳонгир пагоҳ дар бозӣ ба майдон мебарояд.
Ёдовар месозем, ки бозии даври шашуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Урдуну Тоҷикистон дар гурӯҳи “В”, рӯзи 13 октябр дар Варзишгоҳи байналмилалии Амман доир мегардад. Оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:00 ба вақти Душанбе).