Тими миллии Тоҷикистон ба Дакка бе легионерҳо рафт – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон ба Дакка бе легионерҳо рафт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби миллии Бангладеш ба Дакка расид. Бозӣ рӯзи сешанбеи 16 июн баргузор мешавад.

Дар ин сафар  сармураббии мунтахаби миллии кишвар Муҳсин Муҳаммадиев бо худ 21 нафар бозигаронро ҳамроҳ гирифтаст. Дар Дакка тими миллии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Пан Пасифик Сонаргаон” ҷойгир шуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки бо сабабҳои мухталиф дар бозӣ бо Бангладеш се нафар бозигарони калидии даста – Эраҷ Раҷабов аз “Истиқлол” ва ду нафар легионерон Фарҳод Восиев аз “Газовик” (Оренберг, Русия) ва Давронҷон Эргашев аз “Жетису” (Талдиқӯрғон, Қазоқистон) иштирок намекунанд. Раҷабов ва  Эргашев дар бозӣ бо Урдун (1:3) лат бардоштанд. Фарҳод Восиев бошад ба клуби “Газовик” баргашт.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозӣ бо Бангладеш:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

МуҳофизонДалерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Ҷаҳонигр Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳама аз  «Истиклол»);

Ниммуҳофизон: Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарипов, Ромиш Ҷалилов (ҳама аз «Истиклол»), Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов (ҳар ду аз «Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳар ду аз «Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Улуғбек Каримов – менеҷер, Муҳсин Муҳаммадиев –сармураббӣ, Вазген Манасян – мураббии калон, Рустам Қурбонов – мураббӣ, Амоншо Содатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Фаррух Авезов – духтур, Эркин Додоҷонов – масҳгар, Умар Нуров – маъмур, Фаридун Салиев –роҳбари дафтари матбуот.

Добавить комментарий