Дар арафаи бозии марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни тимҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Қирғизистон ҷаласаи машваратии пеш аз бозӣ бо иштироки намояндагони ҳар ду тимҳо доир шуд.
Дар машварат дар баробари дигар мазуҳои марбут ба баргузории бозӣ, инчунин мавзуи либоси бозикунии бозикунони дастаҳо низ матраҳ шуд. Муқаррар гардид, ки бозикунони тими миллии Тоҷикистон бо либосҳои сурх ва соҳибони майдон бо либосҳои сафед вориди майдони сабз мешаванд. Дарвозабони мо бо либосҳои сабз ва дарвозабони мунтахаби миллии Қирғизистон бо либосҳои кабуд бозӣ хоҳанд кард.
Ёдрас месозем, ки бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 миёни тимҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон, рӯзи 8 октябр дар Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзокови Бишкек доир мегардад. Бозӣ соати 20:00 ба вақти Бишкек, ки баробари соати 19:00 ба вақти Душанбе аст, оғоз меёбад.