Табрикоти президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Табрикоти президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ

Табрикоти президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухлисону ҳаводорони футболи Ватан.

Муҳтарам мутахассисони соҳаи варзиш, мураббиёну бозингарон, собиқадорон ва мухлисону ҳаводорони футболи Ватан! Таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро бароятон самимона табрику муборакбод гуфта, ба Шумо сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, дастовардҳои баланди варзишӣ ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно менамоям. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ҳадафҳои асосии истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву варзиширо омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба чаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. 24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти ҷумҳурӣ эъломия қабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». 9 – сентябри соли 1991 аввалин маротиба Рӯзи Истиқлолият қайд карда шуд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Пас аз ба даст даровардани истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ шурӯъ намуд. Вожаи «Истиқлолият» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. Тоҷикистонро шинохтан ва эътироф намудани кулли кишварҳои ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати Тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангӣ, маҷмааҳои замонавии варзишӣ, майдонҳои футболбозии замонавии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта узви Федератсияи футболи ҷаҳонӣ (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) гардид. Иштироки дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бонуфузтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ таъмин карда шуд. Тими миллӣ, мунтахабҳои наврасону ҷавонон, мунтахаби милии футзал, мунтахабҳои футболи занона ва бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ якчанд дастоварди баланди варзиширо соҳиб шуданд. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои кишвар садҳо маҷмаа ва варзишгоҳҳои ҷавобгӯи баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ сохта мавриди баҳрабардории васеи аҳолӣ қарор дода шуд. Мавҷуд будани иншоотҳои замонавии варзишӣ имконият фароҳам овард, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ ташкилу баргузор гардонида шаванд. Нерӯи фарҳангиву варзишии собиқа ба миллати Тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созад. Имрӯз, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддастарин иди миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон қарор дорем, бояд ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини варзишии муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор бошем. Маҳз мо ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳисси ватандории футболбозони тоҷик боло рафта, пайваста  кӯшиш доранд, ки ватану миллатро дар арсаи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ намоянд.  Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!!!

Добавить комментарий