Тӯҳфаи асосӣ – саёҳат ба Геленджик! – Федерация Футбола Таджикистана

Тӯҳфаи асосӣ – саёҳат ба Геленджик!

Дар майдончаҳои футболбозии пойтахт аз рӯи барномаи “Футбол ба назди шумо меояд!” мусобиқа байни дастаҳои футболи кӯчаҳои шаҳри Душанбе оғоз шуд. Мусобиқаи мазкур барои бори сеюм доир мегардад. Мусобиқа дар 14 микрорайони шаҳри Душанбе доир мегардад ва дар он футболбозони навраси 12-13 сола ширкат менамоянд. Ғолиби ин мусобиқа дар марҳилаи ниҳоии сабқати байналмилалии “Тӯби чармин”, ки дар Геленджики Федератсияи Русия баргузор мешавад ширкат карда, шарафи футболи ватаниро ҳифз мекунад.

Волидону кӯдакони мӯҳтарам! Ҳамаи хоҳишмандон имконияти дар сеюмин Ҷоми Душанбе байни дастаҳои кӯчаҳои пойтахт иштирок карданро доранд. Барои иштирок намудан дар мусобиқа шумо бояд дастаи худро иборат аз 12 бозигар созмон дода, ба намояндагони Федератсияи футболи шаҳри Душанбе дар микрорайонҳои худ тамос бигиред. Сину соли футболбозон писарбачаҳои зери 13 сола, яъне солҳои таваллудашон 2002-2003.

  1. Турдиназаров Алиҷон (Шоҳмансур) — 919357171
  2. Саидов Исомиддин (Зарафшон) — 935991348
    3. Норов Бустон (Дӯстӣ) — 918861428
    4. Норов Ҷонибек (46-ум микрорайон) — 919606776
    5. Шамсиддин Раҷабов (Сементзавод) — 918775828
    6. Ганҷибеков Азиз (Марказ) — 903334430
    7. Шамс Раҷабов (Хуҷамбиёи боло) — 918775828
    8. Сангинов Баҳридин (65,64,61,микрорайонҳо) — 988626133
    9. Елчибеков Елчибек (33-юм микрорайон) — 911100020
    10. Акрамов Фарҳод (7-ум км) — 939985298
    11. Ҷақалов Абдуҷалил (совхоз Варзоб) — 919011208
    12. Раҳмонов Сӯҳроб (84-ум микрорайон) — 915734545

Ба ҳамаи дастаҳо барору комёбиҳоро таманно дорем! Футбол бозӣ кунед!

Добавить комментарий