Тӯҳфаҳои қимматбаҳо дар бозии Тоҷикистону Австралия – Федерация Футбола Таджикистана

Тӯҳфаҳои қимматбаҳо дар бозии Тоҷикистону Австралия

Баъд аз бозии даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия, ки рӯзи 8 сентябр, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, бозии лотореяи варзишӣ доир хоҳад шуд. Дар бозии лотореяи варзишӣ миёни мухлисон тӯҳфаҳои қимматбаҳо – се адад смартфонҳои Samsung S6 ва ҳамин қадар смарт-соатҳои Samsung Gear S бозӣ доронда мешаванд.

Билетҳои муқаррарӣ, ки аз рӯзи 24 август ба фурӯш мебароянд, 20 сомонӣ арзиш доранд. Нархи билетҳо барои “сектори сабз” – 50 сомонӣ.

Илова бар ин рӯзҳои наздик VIP-билетҳо низ ба фурӯш бароварда мешаванд. Касоне, ки VIP-билетҳоро харидорӣ мекунанд, имконият доранд бозии мунтахаби миллии Тоҷикистонро бо чемпиони феълии Осиё аз нишастгоҳи мулоими VIP-ложаи Варзишгоҳ роҳат тамошо кунанд. Ҳангоми танаффус соҳибони VIP-билетҳо бо ғизо таъмин мешаванд.

Шумораи ҷойҳои VIP-ложа маҳдуд аст. VIP-билетҳо 700 сомонӣ арзиш доранд ва шумо метавонед онҳоро ба воситаи телефони 98-775-35-35 дархост намоед.

Добавить комментарий