Тӯҳфаҳо соҳибони хушбахти худро пайдо карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Тӯҳфаҳо соҳибони хушбахти худро пайдо карданд

Баъд аз бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 миёни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия (0:3), байни мухлисон бозии лотореяи варзишӣ доир гардид.

Дар бозӣ се нафар мухлисони хушбахт смартфонҳои Samsung S6 ва се нафари дигар смарт-соатҳои Samsung Gear S-ро бурд карданд. Федератсияи футболи мамлакат  соҳибони бурдро ба тӯҳфаҳои бурдкардаашон муборакбод намуда, ба ҳамаи иштирокчиёни бозии лотореяи варзишӣ барои ширкаташон дар бозӣ изҳори сипос мекунад!!!

Добавить комментарий