«Тӯби тиллоӣ-2015»: Эргашев ва Маҳмудов Роналдуро беҳтарин футболбози ҷаҳон медонанд – Федерация Футбола Таджикистана

«Тӯби тиллоӣ-2015»: Эргашев ва Маҳмудов Роналдуро беҳтарин футболбози ҷаҳон медонанд

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби милии Тоҷикистон Мубин Эргашев ва капитани даста Хуршед Маҳмудов се бозигар ва се мураббии беҳтарини соли 2015-ро номбар карданд.

Ба андешаи ҳрду беҳтарин бозигари соли равон нимҳимоятгари «Реал»-и Мадрид ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду мебошад.

Дар интихоби беҳтарин мураббӣ низ Мубин Эргашев ва Хуршед Маҳмудов ҳамақидаанд. Ҳарду мақоми аввалро ба сармураббии бошгоҳи футболи «Барселона»-и Испания Луис Энрике муносиб донистаанд.
Маросими ҷоизасупорӣ 11-уми январи соли 2016 дар Сюрих баргузор шуда, ғолибон эълон хоҳанд шуд.

Интихоби и.в. сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев

Бозигарони беҳтарин:

  1. Криштиану Роналду («Реал», мунтахаби Португалия)
  2. Роберт Левандовски («Бавария», мунтахаби Полша)
  3. Лионел Месси («Барселона», мунтахаби Аргентина)

Мураббиёни беҳтарин:

  1. Луис Энрике («Барселона»)
  2. Арсен Венгер («Арсенал»)
  3. Хосеп Гвардиола («Бавария»)

Интихоби капитани мунтахаби Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов

Бозигарони беҳтарин:

  1. Криштиану Роналду («Реал», мунтахаби Португалия)
  2. Лионел Месси («Барселона», мунтахаби Аргентина)
  3. Роберт Левандовски («Бавария», мунтахаби Полша)

Мураббиёни беҳтарин:

  1. Луис Энрике («Барселона»)
  2. Хосеп Гвардиола («Бавария»)
  3. Массимилиано Аллегри («Ювентус»)

Добавить комментарий