“Солор” – ғолиби ҷоми ҷашнии Салимҷон Султонов – Федерация Футбола Таджикистана

“Солор” – ғолиби ҷоми ҷашнии Салимҷон Султонов

Дастаи футболи кӯдаконаи “Солор”-и Душанбе ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ифтихори 70-солагии собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши ИҶШС Салимҷон Султонов гардид. Дар мусобиқа дастаҳои футболи кӯдакони солҳои таваллудашон 2002-2003 иштирок карданд.

Бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ (собиқ “Политехникум”) баргузор шуданд. Новобаста ба гармии ҳаво вохӯриҳо хеле шавқовару диданӣ ҷараён гирифтанд.

Дастаи “Солор”-и пойтахт зери роҳбарии мураббӣ Насим Набиев дар бозии нимфинали якум бар ҳамсолони худ аз КМВА бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ “Торпедо” ба дарвозаи дастаи “Айнӣ” чор голи беҷавоб равон кард.

Дар бозии финалӣ шогирдони Насим Набиев бартарӣ нишон дода ба дарвозаи торпедочиён ду гол дар қисми якум ва ду гол дар қиси дуюми вохӯрӣ зада, дар натиҷа бо ҳисоби 4 бар 0 ғалба карда Ҷоми  ҷашниро соҳиб шуданд. Ду голи “Солор”-ро ҳамлагар Ғаюров ва як голиро ниммуҳофизон Фаридуни Ғрибалӣ ва Холматов ба самар расониданд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Айнӣ” наврасони артишро бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 шикаст дод.

Пас аз анҷоми бозиҳои финалӣ маросими мукофотонии дастаҳои ҷоизадор ва бозигарони беҳтарини мусобиқа доир шуд.

Ҷомро ба дастаи ғолиб писари Салимҷон Султонов – Марат Султонов супорид.  Собиқадорони футболи тоҷик ба капитанҳои дастаҳои ҷоизадор ифтихорномаву медалҳои хотиравиро тақдим карданд.

Бозигарони зерин беҳтаринҳои сабқат эътироф шуданд:

беҳтарин дарвозабон – Файзулло Раҳимов («Торпедо»);

беҳтарин муҳофиз – Зуҳриддин Фузайлов («Солор»);

беҳтарин ниммуҳофиз – Мансур Мирзоев («Локомотив»);

беҳтарин ҳамлагар – Фурқат Қурбоналиев («Айнӣ»).

Инчунин Сафар Мавлонов беҳтарин довари ин мусобиқа шинохта шуд.

Добавить комментарий