«Истиқлол» нияти ҷавон кардани ҳайаташро дорад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» нияти ҷавон кардани ҳайаташро дорад

Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон ва финалисти Ҷоми КФО-2015, бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, дар мавсими соли ояндаи футболи кишвар, нияти ҷавонтар сохтани ҳайаташро дорад.

Ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи футболи пойтахти мамлакат, соли оянда ҳайати даста ба таври назаррас нав хоҳад шуд. «Ба ҳайати даста бозигарони ҷавон шомил гардонида мешаванд. Бо мақсади ҷавонтар сохтани ҳайат, роҳбарияти бошгоҳ тасмим дорад, ки ба даста як қатор бозигарони ҷавони умедбахшро даъват созад. «Истиқлол» ният дорад, ки бо мақсади тарбияи футболбозони ҷавон барои даста ва мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ҳайати худ бозигарони ҷавони болаёқатро даъват намояд», – гуфта мешавад дар сомаонаи расмии бошгоҳи футболи пойтахти Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» вохӯрии аввали расмии худро дар мависми футболи соли оянда, дар доираи бозиҳои Ҷоми КФО-2016 рӯзи 23 феврал муқобили «Ал-Файсалӣ» (Урдун) мегузаронад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад.

Добавить комментарий