Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон дар ҳайати «Равшан»-и Кӯлоб, легионери африқоитабор аз давлати Гана – Соломон Течи фаъолияти бозигарии худро дар бошгоҳи футболи «Духок»-и Ироқ идома хоҳад дод.
Ҳамлагари 23-солаи ганагӣ баромади худро дар чемпионати Точикистон аз соли 2012 дар ҳайати бошгоҳи футболи «Равшан»-и Кӯлоб оғоз кард. Соломон Течи солҳои 2012 ва 2013 дар ҳайати «Равшан» ба гирифтани унвони чемпиони Тоҷикистон шарафёб шуд. Дар мавсими футболи соли 2014 бошад, ӯ ба ҳайати бошгоҳи футболи «Далерон-Уротеппа»-и Истарвшан гузашт. Дар ҳайати «Далерон-Уротеппа» ин ҳамлагари африқоӣ медалҳои биринҷии чемпионатро соҳиб шуда, инчунинт дар ҷамъбасти мавсми футболи сол, беҳтарин легионери чемпионати Тоҷикистон эътироф шуд. Мависми футболи имсоларо низ Соломон Течи дар ҳайати «Далерон-Уротеппа» оғоз намуд, аммо вобаста ба мушкилоти молиявии дастаи шаҳри Истаравшан, баъди аз анҷоми қисми якуми чемпионат, ба дастаи «Барқи тоҷик»-и Душанбе гузашт. Дар мавсими футболи соли ҷорӣ Соломон Течи дар ҳайати ду даста баромад карда, ҳаммагӣ 3 гол задаст.