Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи он мухлисоне, ки дар бозии якуми плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба варзишгоҳ омада мунтахаби миллии Тоҷикистонро дар бозӣ муқобили Бангладеш дастгирӣ карданд сипосгузори самимонаи худро баён месозад.
Мухлисони муҳтарам! Мо барои дастгирии ҳамаҷонибаатон аз мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими Бангладеш ба шумо сидқан сипосгузориву эҳтироми худро баён мекунем. Бо дастгириву ҳавохоҳии шумо, мухлисони азиз, дар ин бозӣ мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби калони 5 бар 0 пирӯз шуд. Бозигаронамон дастгирии шуморо эҳсос карданд ва дар ин ғалаба саҳми шумо беназир аст.
Ба лидери фан-ҳаракати мунтахаби миллии кишвар Шуҳрат Шонов, ки чун анъана мухлисонро ба дастгирии тими миллӣ таҳрик мекард, миннатдории алоҳида баён мекунем!
Бори дигар ба ҳамаи шумо ташаккури зиёд!!!