“Сипар” ва “ДИСИ Инвест” дар бозии финалии Ҷоми футзали Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

“Сипар” ва “ДИСИ Инвест” дар бозии финалии Ҷоми футзали Тоҷикистон

Дастаҳои футзали “Сипар”-и Хуҷанд ва “ДИСИ Инвест”-и Душанбе дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футзали Тоҷикистон вомехӯранд. Бозӣ рӯзи 9 апрел, дар маҷмааи варзишии “Тоҷикгосстандарт” доир мешавад.

Имрӯз бозиҳои ниманиҳоии ин мусобиқа доир гаштанд. Дар бозии аввал футзалистони “Сипар” бар “Чортан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 4 бар 3 пирӯз шуданд. Ду голи футзалистони хуҷандиро легионери эронии даста Алӣ Маҳданӣ ва як голиро Алишер Улмасов ва Умед Мирзораҳимов ба самар расонданд. Дар ҳайати “Чортан” бошад Ш. Муродов ба задани ду гол ва Исмоил Шонов ба задани як гол муваффақ шуданд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ чемпиони дукаратаи футзали Тоҷикистон “ДИСИ Инвест”-и Душанбе бар “Соро компания” бо ҳисоби 4 бар 2 дастболо шуд. Ду голи дастаи ғолибро Шавкат Ҳалимов ва як голиро Шерзод Ҷумаев ва Ораз Ализода ба нишон заданд. Голҳои “Соро компания”-ро Фирӯз Сангов ва Алиҷон Ҳабибуллоев ба самар расонданд.

Ба ин тартиб, дар бозии финалии Ҷоми футзали Тоҷикистон, ки рӯзи 9 апрел, соати 11:00 дар маҷмааи варзишии “Тоҷикгосстандарт”, дар маҳаллаи Яккачинор доир мегардад, дастаҳои футзали “Сипар” (Хуҷанд) ва “ДИСИ Инвест” (Душанбе) вомехӯранд.

 

Ҷоми футзали Тоҷикистон. Марҳилаи финалӣ

Бозиҳои ниманиҳоӣ

«Сипар» – «Чортан»  4:3

Голҳо: Алӣ Маҳданӣ (2), Алишер Улмасов, Умед Мирзораҳимов – Исмоил Шонов, Ш. Муродов (2).

Аз майдон хориҷ шуданд: Парвиз Раҳматов («Сипар»), А. Раҳматов («Чортан»).

 

«Соро компания» – «ДИСИ Инвест» – 2:4

Голҳо: Фирӯз Сангов, Алиҷон Ҳабибуллоев – Шавкат Ҳалимов (2), Шерзод Ҷумаев, Ораз Ализода.

 

Финал

9 апрел (шанбе)

11:00 – «Сипар» – «ДИСИ Инвест»

Добавить комментарий