«Сипар» барандаи Ҷоми футзали вилояти Суғд шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Сипар» барандаи Ҷоми футзали вилояти Суғд шуд

Дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми футзали вилояти Суғд дастаи «Сипар»  бар дастаи «Беҳтарин»  бо ҳисоби калони 6:0  пирӯз гардида, соҳиби Ҷом шуд. Бозӣ рӯзи 7 феврал дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.

«Сипар» дар марҳилаи 1/4 ниҳоӣ дастаи «Шелкокомбинат»-ро бо ҳисоби 4:3, дар бозии нимниҳоӣ дастаи «Агроинвестбонк»-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, ба бозии ниҳоӣ баромад.

«Беҳтарин» бошад дар марҳилаи 1/4 ниҳоӣ дастаи «Эсхата»-ро бо ҳисоби 5:3 ва дар бозии нимниҳоӣ дастаи «Сипар-2»-ро тавассути силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 3 бар 2 мағлуб сохт. Вақти асосии ин бозӣ мусовӣ 1:1 анҷом шуд.

Дар анҷоми ин бозӣ ба ғолибон ва беҳтаринҳо Ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар маросими ҷамъбаст ва мукофотонии ҷоизадорони мусобиқа муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилоят Хуршед Акдодов ва сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зариф Мирдадоев иштирок намуданд.

Добавить комментарий