Шуморо ба лагери кӯдаконаи футболӣ дар Алмосӣ даъват мекунем! – Федерация Футбола Таджикистана

Шуморо ба лагери кӯдаконаи футболӣ дар Алмосӣ даъват мекунем!

Ба таваҷҷӯҳи волидайн! Аз 7 то 14 август дар Академияи футболи «Истиқлол» дар Алмосии Ҳисор лагери футболӣ барои кӯдакони синнашон аз 10 то 14 сола баргузор мешавад.

Лагери футболӣ дар Алмосӣ – интихоби хуб барои гузаронидани истироҳати пеш аз оғози мавсими нави хониш барои кӯдакон мебошад.

Хизматрасонӣ дар Лагери футболӣ дар Алмосӣ  сифатан хеле баданд буда, барномаи лагер чорабиниҳои зиёди варзишӣ – истироҳатиро дар бар мегирад.

Дар баробари истироҳат бачаҳо имкон доранд, дар майдони футболбозии сифаташ бисёр олӣ тамрин кунанд. Ба кӯдакон одитарин нозукиҳои бозии футбол таълим карда мешавад.

Арзиши роҳхати лагер 1500 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин барнома дар як рӯз чор маротиба ғизо, экипировкаи варзишӣ, истиқомат дар Академия ва чорабиниҳои сайругаштӣ дохил мешаванд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефонии 911-07-00-07 (Фурқат) дар тамос шавед.

Добавить комментарий