Шумораи тамошобинони бозиҳои футбол тариқи телевизион меафзояд – Федерация Футбола Таджикистана

Шумораи тамошобинони бозиҳои футбол тариқи телевизион меафзояд

Агенти комуникатсионии маркетингии «Total Advertising Group» дар асоси тадқиқот шумораи тамошобинонеро, ки барномаҳои футболиро тавассути “Шабакаи аввал”-и ТВТ тамошо мекунанд, муайян сохт.

Ба ҳисоби миёна ҳар бозии футболро, ки мустақиман тавассути “Шабакаи аввал” пахш мешавад, бештар аз 550 ҳазор бинандагон тамошо мекунанд. Ин маълумотҳо дар натиҷаи тадқиқотҳои чормоҳаи ширкати КТМ ҳосил шуданд.

Дар ҳолати сабти бозӣ пахш шудан, шумораи тамошобинон ба ҳисоби миёна ду баробар кам мешавад. Дар натиҷа шумораи умумии тамошобинон ба 800 ҳазор мерасад.

Дар навбати худ шӯъбаи маркетинги ФФТ фурӯши бастаҳои сарпарастиро дар бозиҳои хонагии тими миллии Тоҷикистон дар доираи марҳилаи гурӯҳии интихобии ҶҶ-2018 роҳандозӣ намуд.

Шахсони алоҳида ва ширкатҳои рағбатдор метавонанд оиди гирифтани маълумоти мафассал дар ин мавзӯ ба шӯъбаи маркетинги ФФТ муроҷиат намоянд ва ё дархосташонро ба почтаи электронии feeroos@gmail.com ирсол созанд.

Добавить комментарий