Ширкати «Сoca-Сola» сарпарасти ФФТ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ширкати «Сoca-Сola» сарпарасти ФФТ шуд

Дар қароргоҳи  Федератсия футболи Тоҷикистон (ФФТ) миёни ширкати «Сoca-Сola» ва ФФТ қарордоди сарпарастӣ ба имзо расид. Аз ҷониби ФФТ онро ноиби президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва аз тарафи ширкати «Сoca-Сola» Директори генералии ин ширкат Эзел Агаоглу ба имзо расониданд.

Ширкати  «Сoca-Сola»  аз соли 1928 инҷониб сарпарасти бозиҳои олимпӣ буда, аз соли 1978 сарпарасти расмии Федератсияи футболи умумиҷаҳониро (ФИФА) ба ӯҳда дорад. Тавре ноиби президенти ФФТ Хуршед Мирзо арз кард, бо ширкати «Сoca-Сola» қадамҳои нахустини ҳамкорӣ гузошта шуданд ва солҳои наздик ин ҳамкорӣ боз ҳам вусъат меёбад.

«Шартномаи ҳамкорӣ ба мӯҳлати се сол баста шуд ва дар соли аввал маблағҳои сарпарастии ширкати «Сoca-Сola» барои дастгирии дастаи мунтахаби мамлакат равона мешавад. Минбаъд мо паҳлӯҳои дигари ҳамкориро ифшо мекунем, ки он барои ривоҷу равнақи футболи кишвар мусоидат хоҳад кард», – арз намуд, Хуршед Мирзо.

Дирекори генералии «Сoca-Сola» дар Тоҷикистон Эзел Агаоглу нақша дорад дар Тоҷикистон низ мусобиқаро барои Ҷоми «Сoca-Сola» миёни ҷавонону наврасон ба роҳ монад. Ӯ гуфт: «Ширкати мо Лоиҳаҳои гуногунро дар кишварҳои дунё сарпарастӣ кардааст ва мо низ дар Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақи футбол лоиҳаҳои навро дар амал татбиқ хоҳем кард. Имрӯз ҳамкории мо  оғоз ёфт ва он тавсеъа меёбад».

Ёдрас мешавем, ки ширкатҳои номдор, мисли «Мегафон-Тоҷикистон» дар оғози соли равон ба ҳайси сарпараст бо ФФТ шартномаҳои худро ба имзо расонидаанд ва дар оянда низ сафи чунин ширкатҳо боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Добавить комментарий