Ширкати дастурдиҳандагони тоҷик дар курси FUTURO-3-и ФИФА – Федерация Футбола Таджикистана

Ширкати дастурдиҳандагони тоҷик дар курси FUTURO-3-и ФИФА

Дар пойтахти Малайзия Куала-Лумпур курси шашрӯзаи FUTURO-3-и ФИФА барои дастурдиҳандагони доварон оғоз шуд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ дастурдиҳандагони доварон Абдураҳим Бобоев аз Турсунзода, Сафармаҳмад Шоймардонов аз Хуросон, фитнес-дастурдиҳандаи доварон Рустам Абдуллоев ва дастурдиҳандаи доварони футзал Комрон Шодиев, ки ҳар ду аз Душанбе ҳастанд муаррифӣ мекунанд.

Курси FUTURO-3-и ФИФА, ки дар он 127 нафар дастурдиҳандагони кишварҳои узви ин ташкилот ширкат мекунанд, аз машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, мазмуни онҳо тарбия ва омода намудани доварони футбол аст.

Добавить комментарий