Имрӯз, 18 апрел, ду бозии даври дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд» дар меҳмонӣ бар «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 пирӯз шуда, КМВА «Помир»-и пойтахт вохӯриро бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа мусовӣ анҷом кард.
Футболбозони «Хуҷанд», ки дар даври якум аз чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб шуда буданд, дар ин даври чемпионат ба ғалаба ноил шуданд. Шогирдони Нумонҷон Юсупов дар доираи бозиҳои даври дуюм ба даврозаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро се голи беҷавоб зада, соҳиби се имтиёзи аввалин дар чемпионати имсола шуданд. Ҳар се голҳои «Хуҷанд»-ро бозигарони нави даста, ки узви мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳастанд, дар қисми якуми бозӣ ба самар расониданд. Ҳисоби вохӯриро дар дақиқаи дуюми бозӣ ниммуҳофиз Иброҳим Рабимов боз кард. Дар дақиқаи 20-ум бошад, Аҳтам Ҳамроқулов голи дуюми дастаи соҳили Сирдарёро ба самар расонид. Баъд аз чанд дақиқа кипери ҳавонавардон Дилшод Додобоев дар майдончаи ҷаримавӣ ба муқобили Аҳтам Ҳамроқулов қоидаи бозиро дағалона вайрон кард. Сардовари бозӣ Сайёдҷон Зайнидинов аз Душанбе ба даврозабон корти сурх нишон дода, ба дарвозаи «Парвоз» ҷаримаи ёздаҳметра таъин кард. Ситоди мураббиёни «Парвоз»-ро зарур шуд, ки ниммуҳофизатгари даста Шоҳрух Тошматовро бо даврозабони эҳтиётӣ Рамзбек Норбобоев иваз намоянд. Рамзбек зарбаи Ҳасан Рустамовро баргардонида натавонист.
Бо сабаби омода набудани майдони варзишгоҳи «Политехникум», ки мудофиачиён бозиҳои хонагияшонро дар он ҷо мегузаронанд, вохӯрии КМВА «Помир» – «Вахш» дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Бо вуҷуди аз ҷониби ҳар ду даста созмон дода шудани лаҳзаҳои зиёди голзанӣ, ҳисоб дар ин вохӯрӣ кушода нашуд. Ҳаминро қайд мекунем, ки қӯрғонтеппагиҳо бозиро бо ҳайати 10 нафара анҷом карданд. Дар дақиқаи 81-уми бозӣ бо сабаби дуюмбора бо корти зард огоҳонида шудан, ниммуҳофизатгар Эҳсони Панҷшанбе аз майдон ронда шуд. Акнун Эҳсони Панҷшанбе дар бозии даври навбатӣ, ки «Вахш» дар майдони худ чемпиони дукаратаи Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоброл қабул мекунгад, иштирок карда наметавонад.
Рӯзи якшанбеи 19 апрел ду бозии боқимондаи даври дуюми чемпионат баргузор мешавад. Ҷоизадори медалҳои биринҷи чемпионати соли гузашта «Далерон-Уротеппа»-и Истаравшан дар майдони худ «Регар-ТадАз»-и Турсунзодаро қабул мекунад. Оғози ин бозӣ соати 16.00. Дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бошад, дебютанти чемпионати имсола «Барқи тоҷик»-ро чемпиони феълӣ «Истиқлол»-и Душанбе имтиҳон мекунад. Ин бозӣ соати 17.00 оғоз мегардад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм
КМВА «ПОМИР» – «ВАХШ» – 0:0
КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Павел Калугин (Беҳзод Шарифов, 71), Алишер Холмуродов, Фурӯғ Қодиров, Дилшод Сафармамадов (Иззатулло Рӯзиев, 12), Шамсиддин Қосимов (Бузургмеҳр Раҳмоналиев, 46), Парвиз Кашкаров, Комрони Мирзонаҷот, Сайёди Ковусшо, Давронҷон Тухтасунов, Орзу Додхудоев.
«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Шаҳром Исмоилов, Қувватбек Равшанбеков, Табрези Давлатмир, Абӯбакр Азимов, Сироҷидин Гулмуродов, Эҳсони Панҷшанбе, Отабек Каримов, Худойдод Узоқов, Ҳҷибой Зиёев, Кароматулло Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов (Саидҷон Шарипов, 72).
Огоҳонида шуданд: Алишер Холмуродов, Павел Калугин (КМВА «Помир»), Табрези Давлатмир («Вахш»).
Аз майдон ронда шуд: Эҳсони Панҷшанбе («Вахш»), 81 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Худойдод Узоқов («Вахш»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 7,7 хол.
Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
18 апрел. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобинон.
«ПАРВОЗ» – «ХУҶАНД» – 0:3
Голҳо: Иброҳим Рабимов, 2 (0:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 20 (0:2). Ҳасан Рустамов, 32 – аз пеналти (0:3).
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Дилшод Додобоев, Умед Одинаев, Шероз Абдуллоев, Фирдавс Ҳоҷиев, Қурбонбек Ҳайдаров (Абдураҳмон Пулотов, 88), Шоҳрух Тошматов (Рамзбек Норбобоев, 31), Олим Ҳоҷиматов (Абдумалик Юсупов, 62), Рашид Мирхолиқов, Ғулом Дониёров, Маруф Марифбоев, Шоҳрух Раҷаматов.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Валерий Кашуба, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Сафаралӣ Каримов, Комрони Мирзохон, Иброҳим Рабимов (Фирӯз Бобиев, 64), Бахтиёр Чориев, Ҳасан Рустамов, Ҷаҳонгир Алиев (Вайсиддин Сафаров, 78), Аҳтам Ҳамроқулов (Дилшод Бозоров, 72), Фарҳод Тоҳиров.
Огоҳонида шуданд: Шероз Абдуллоев, Дилшод Додобоев, Ғулом Дониёров («Парвоз»), Ҳасан Рустамов, Ҷаҳонгир Алиев, Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»).
Аз майдон ронда шуд: Дилшод Додобоев («Парвоз»), 29 – барои бозии дағалона.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сафаралӣ Каримов («Хуҷанд»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири бозӣ: Сафар Каримов (Норак).
18 апрел. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурӯдгоҳ». 2000 тамошобинон.
Бозӣ | Ғалаба | Мусовӣ | Бохт | Т/Т | Имтиёз | ||
1 | «Хайр» (Ваҳдат) | 2 | 2 | 0 | 0 | 4-1 | 6 |
2 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 2 | 1 | 1 | 0 | 1-0 | 4 |
3 | «Истиқлол» (Душанбе) | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
4 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-2 | 3 |
5 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 1 | 0 | 1 | 0 | 2-2 | 1 |
6 | «Равшан» (Кӯлоб) | 2 | 0 | 1 | 1 | 3-4 | 1 |
7 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 2 | 0 | 1 | 1 | 0-2 | 1 |
8 | «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
9 | «Барқи тоҷик» (Душанбе) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
10 | «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-4 | 0 |
Нишонзан: Наполеон АНДОХ («Хайр») – 2 тӯб.