Шикасти «Хайр» аз «Далерон-Уротеппа» дар Истаравшан – Федерация Футбола Таджикистана

Шикасти «Хайр» аз «Далерон-Уротеппа» дар Истаравшан

Даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт. Дар доираи бозиҳои ин давр «Далерон-Уротеппа» дар майдони худ бар витсе-чемпиони феълии мамлакат «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуд. Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб бошад, дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа бар «Вахш» бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо гардид.

IMG_8250IMG_8284Дар бозии марказии ин давр ду ҷоизадори мавсими футболи соли гузаштаи кишвар: барандаи медалҳои биринҷӣ «Далерон-Уротеппа»-и Истаравшан дар майдони худ витсе- чемпиони феълии Тоҷикистон «Хайр»-и Ваҳдатро қабул кард. Бозӣ бо ғалабаи калони истаравшаниҳо бо ҳисоби 3 бар 0 анҷом ёфт. Ҳисоби вохӯриро дар дақиқаи 8-уми бозӣ легионери ганагии соҳибони майдон Соломон Течи боз кард. Дар дақиқаи охири қисми аввали бозӣ бошад, ҳимоятгари «Хайр» Идибек Ҳабибуллоев намувофиқона тӯбро вориди дарвозаи дастаи худ кард. Голи сеюми «Далерон-Уротеппа»-ро дар дақиқаи 48-уми вохӯрӣ Илҳом Баротов ба самар расонид. Ин ғалабаи аввалини дастаи шаҳри Истаравшан дар чемпионати имсола мебошад.

_DSC0139_DSC0142_DSC0144Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб низ дар ин давр ғалабаи нахустинро ба даст даровард. Шогирдони Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар меҳмонӣ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуданд. Муаллифи голи ягонаи кӯлобиҳо муҳофизатгари марказии даста Наврӯз Рустамов шуд. Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 59-уми вохӯрӣ ҷаримаи ёздаҳметраро бехато ба нишон расонид. Ҳаминро қайд мекунем, ки ин бозии дуюм аст, ки пайдарҳам қӯрғонтеппагиҳо бо ҳайати даҳнафарӣ онро анҷом мекунанд. Агар дар бозии қаблӣ бо КМВА «Помир» (0:0) барои дуюмбора бо корти зард огоҳонида шудан Эҳсони Панҷшанбе майдонро тарк карда бошад, ин бор барои зарба задану ғелондани ҳариф (за удар соперника в подкате) ҳимоятгари «Вахш» Абӯбакр Азимов аз майдон ронда шуд.

_DSC0145_DSC0164_DSC0169Дар бозии дигари ин давр чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар варзишгоҳи «Металлург» бар дастаи «Барқи тоҷик» бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Голи ягонаро дар ин вохӯрӣ ба дарвозаи барқчиён Комил Саидов зад. Ҳаминро қайд мекунем, ки дар рӯзи бозӣ муаллифи голи ғолибият 26-солагии худро ҷашн гирифт. Ғалаба бар «Барқи тоҷик» дастаи шаҳри Турсунзодаро ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баровард.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар доираи бозиҳои ин давр ғалабаи дуюми пайдарҳами худро соҳиб шуд. Бозигарони дастаи соҳили Сирдарё дар даври сеюм бар КМВА «Помир» бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуда, дар арафаи ҷашни мавлудаш ба сармурабби худ Нумонҷон Юсупов, ки 42-сола шуд, тӯҳфаи хуб карданд. Қобили қайд аст, ки ин вохӯрӣ бо сабаби ғайриқаноатбахш будани сифати майдони Варзишгоҳи «20-солагиии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд. Майдони футболбозии варзишгоҳи «Хистеварз» яке аз беҳтарин майдонҳои футболбозии кишвар шинохта мешавад. Голи ягонаро дар ин вохӯрӣ, дар дақиқаи 20-ум муҳофизатгари «Хуҷанд» Ҳасан Рустамов, ки имсол ба даста гузаштааст, ба самар расонид.

Ҳаминро қайд мекунем, ки баъд аз бозӣ сардори дастаи КМВА «Помир» Хабир Давлатов дар сутуни «Сабт оиди додани эътироз» чунин сабт гузоштанд: «КМВА «Помир» нисбати доварии ғайрихолисона: ба бозигари № 12 нишон дода нашудани  корти сурх, барои бо дасташ бозӣ кардан таъин нанамудани ҷаримаи ёздаҳметра ва доварии ошкорои ғаразнок эътироз баён мекунад».

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«ВАХШ» «РАВШАН» – 0:1

Гол: Наврӯз Рустамов, 59 – аз пеналти.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Шаҳром Исмоилов, Қувватбек Равшанбеков, Табрези Давлатмир, Абӯбакр Азимов, Сироҷиддин Гулмуродов, Ҳоҷибой Зиёев, Отабек Каримов, Худойдод Узоқов (Мунир Давлатбеков, 75), Кароматулло Саидов (Алишер Баротов, 81), Муҳаммадҷони Ҳасан, Муҳаммадҷон Шарипов (Саидҷон Шарипов, 67).

«Равшан» (Кӯлоб): Амир Ҳоҷимуродов, Сайдамири Сайдаҳмад, Наврӯз Рустамов, Музаффар Назаров, Саидхони Амрохон, Бахтиёр Қаландаров, Шодибек Ғаффоров (Чамолиддин Зардиев, 87), Суннатулло Холов, Одил Рамзанӣ (Зокир Абдулхайров, 79), Абдурасул Раҳмонов, Ҳусейни Сӯҳробӣ (Индус Ҳусейнов, 78).

Огоҳонида шуданд: Отабек Каримов, Муҳаммадҷони Ҳасан («Вахш»), Наврӯз Рустамов («Равшан»).

Аз майдон ронда шуд: Абӯбакр Азимов («Вахш»), 67 – барои зарба задан ва афтонидани ҳариф.

Беҳтарин бозигари воҳӯрӣ: Одил Рамзанӣ («Равшан»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 6 хол.

Нозири бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

25 апрел. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобинон.

 

«ХУҶАНД» – КМВА «ПОМИР» – 1:0

Гол: Ҳасан Рустамов, 20.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Валерий Кашуба, Соҳибҷон Ҳакимов, Комрони Мирзохон, Манучеҳр Ахмедов, Сафаралӣ Каримов, Бахтиёр Чориев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Алиев, Ҳасан Рустамов (Фирӯз Бобиев, 75), Фарҳод Тоҳиров (Дилшод Бозоров, 63), Аҳтам Ҳамроқулов (Вайсиддин Сафаров, 87).

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Павел Калугин (Шамсиддин Қосимов, 27), Фирдавс Чақалов, Фурӯғ Қодиров, Алишер Холмуродов, Давронҷон Тухтасунов, Комрони Мирзонаҷот, Парвиз Кашкаров, Сайёди Ковусшо, Орзу Додхудоев, Бузургмеҳр Раҳмоналиев (Рустам Толибов, 79).

Огоҳонида шуданд: Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Фурӯғ Қодиров, Фирдавс Чақалов (КМВА «Помир»).

Аз майдон ронда шуд: Орзу Додхудоев (КМВА «Помир»), 25 – барои бо пой зарба задан ба ҳариф аз қафо.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Анатолий Старушенко (КМВА «Помир»).

Сардовар: Аъзамҷон Бӯриев (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).

25 апрел. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Хистеварз». 3000 тамошобинон.

 

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» – «ХАЙР» – 3:0

Голҳо: Соломон Течи, 8 (1:0). Идибек Ҳабибуллоев, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (2:0). Илҳом Баротов, 48 (3:0).

 

«РЕГАР-ТАДАЗ» – «БАРҚИ ТОҶИК» – 1:0

Гол: Комил Саидов, 38.

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 3 3 0 0 15-0 9
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 2 1 0 5-3 7
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 2 0 1 4-2 6
4 «Хайр» (Ваҳдат) 3 2 0 1 4-4 6
5 «Равшан» (Кӯлоб) 3 1 1 1 4-4 4
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 3 1 1 1 1-1 4
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 2 1 0 1 4-2 3
8 КМВА «Помир» (Душанбе) 3 0 1 2 0-3 1
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 2 0 0 2 0-6 0
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 3 0 0 3 0-12 0

Нишонзанҳо: Бледа РОДРИГЕС  («Истиқлол») – 3 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Умедҷон ШАРИПОВ, Дилшод ВОСИЕВ (ҳар ду аз «Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 2 тӯбӣ.

 

Дар даври 4-ум дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд:

2 май (шанбе)

Оғоз соати 16:30

«Равшан» – «Хуҷанд»

«Далерон-Уротеппа» – «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» – «Хайр»

«Барқи тоҷик» – «Парвоз»

3 май (якшанбе)

Оғоз соати 16:30

КМВА «Помир» – «Истиқлол» Freesound.org – FSpeler – Gokkasten + Casino Spellen + Online Casinos

Добавить комментарий