Федератсияи футболи Тоҷикистон тилисми (тӯмор)-и мунтахаби миллии кишварро муайн кард. Шер ва шербача Дил, тилисми мунтахаби миллӣ эътироф шуданд. Мақсади онҳо дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 ба мунтахаби кишвар комёбӣ овардан аст.
Ба иттилои роҳбари шӯъбаи маркетинги Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирӯз Ҳасанов, Шер ва шербача Дил дар рӯзҳои бозиҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон бо либосҳои бозикунии мунтахаб зери рақамҳои 91 ва 12 пӯшонида мешаванд. Дизайнерҳо бо ин рамз ду самти фаъолиятро нишон медиҳанд, ки аввалӣ алоқамандӣ бо таърихи ғании футболи тоҷик ва дуввумӣ бошад, мавҷи нави баромади бомуваффақияти мунтахаби кишварро аз замони оғози Истиқлолияти Тоҷикистон ва инчунин дастгирии заруриро аз ҷониби мухлисон таҷассум мекунад.
Дизайнерҳо дар тилисм ё худ тӯмори мунтахаби миллӣ мазмуни оиларо низ ҷо карданд. Анъанаи кӯҳнаи якҷоя бо фарзандон ба тамошои бозиҳои футбол ташриф овардани мухлисон эҳё шуда истодааст. Ба наздикӣ ин нақшҳо кабл аз шурӯи бозиҳо дар доираи барномаҳои шавқангез дар варзишгоҳ пайдо хоҳанд шуд.
“Мо кӯшиш кардем, ки дар ин тилисм ё худ тӯмор иродаву тинати мунтахабамонро инъикос кунем. Чанд бозии охири тими миллиро тамошо карда, шоҳиди соҳиби иродаи қавӣ будани бозигаронамон шудем. Бозии мунтахаби миллиро мо ба хулқу хӯ ва иродаи матини шерон баробар донистем”, – мегӯяд яке аз созандагони симои тилисм Шерзод Сатторӣ.
Рамзи тилисм ё худ тӯмори мунтахаби кишварро дизайн-студияи машҳури “Устодизайн” тайёр кардаст.
Мо боварӣ дорем, ки тими миллиямон бо иродаву сабот ва “дили шерона” баромадашро идома медиҳад ва рӯзи 11 июн дар бозии аввали марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо мунтахаби Урдун инро исбот мекунад.