Рӯзи шанбеи 27-уми август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, ки 25 ҳазор ҷои нишаст дорад, бозии дӯстона байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия баргузор мешавад. Ин шашумин муқобала байни тимҳои миллии ҳар ду кишвар мебошад.
Қаблан мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия панҷ маротиба бо ҳам рақобат карданд. Бори аввал дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2006. Бозӣ санаи 9 июни соли 2004 дар варзишгоҳи Хомса доир гардида, бо сабаби пеш омадани мушкилоти барқӣ манъ карда шуд. Дар миёнаҳои қисми дуюми вохӯрӣ ҳангоми ҳисоб 3 бар 1 ба фоидаи соҳибони майдон будан, дар варзишгоҳ барқ хомӯш гашт ва сардовари вохӯрӣ бозиро манъ кард. Бо қарори ФИФА рӯзи оянда, яъне 10-уми июн бозӣ аз сари нав барпо гашт. Дар ин бозӣ аввалӣ шуда ҳисобро ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Акмал Холматов тавассути зарбаи ҷаримавӣ боз кард, вале бартариро нигоҳ дошта натавонист. Мунтахаби миллии Сурия ба задании ду гол ба дарвозаи Аслиддин Ҳабибуллоев муваффақ шуда бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз гардид. Тими миллии Тоҷикистонро он вақт Зоир Бобоев роҳбарӣ мекард.
Дар доираи даври чоруми марҳилаи интихобии гурӯҳии ҶҶ-2016 санаи 8 сентябри соли 2004 мунтахаби миллии Сурия ба Тоҷикистон ташриф овард. Бозӣ, ки дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи меҳмонони суриягӣ анҷом ёфт. Дар қисми якуми бозӣ ҳангоми мусовӣ – 0 бар 0 будани бозӣ капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон Раҳматулло Фузайлов, ки он вақт дар «Шинник»-и Ярославли Федератсияи Русия бозӣ мекард,зарбаи пеналтиро амалӣ карда натавонист.
Баъд аз ин, мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2014 рӯбарӯ шуданд. Санаи 23-юми июли соли 2011 рақибон дар майдони бетараф, дар Урдун вохӯрданд. Рақобати баробар бо ғалабаи мунтахаби Сурия бо ҳисоби минималии 2 бар 1 анҷом ёфт. Голи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин бозӣ Комил Саидов ба ҳадаф расонд. Бозии ҷавобӣ баъд аз панҷ рӯз дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид ва дружинаи Пӯлод Қодиров дар ин бозӣ бо ҳисоби алони 0 бар 4 шикаст хӯрд. Аммо, баъдтар ФИФА мунтахаби миллии Сурияро аз идомаи мусобиқа барканор сохт. Маълум гашт, ки ҳамлагари мунтахаби Сурия Ҷорҷ Мурад пештар дар ҳайати мунтахаби Шветсия бозӣ карда будааст. Ба ин тартиб, ФИФА ба мунтахаби Сурия бо ҳисоби 0 бар 3 бохти техникӣ эълон карда, мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳамин ҳисоб ғолиб донист.
Бори охир мунтахабҳои Тоҷикистону Сурия санаи 31-уми марти соли гузашта дар бозии дӯстона дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе рақобат карданд. Мунтахаби миллии Тоҷикистонро он вақт Муҳсин Муҳаммадиев роҳбарӣ мекард. Ин бозӣ низ бо ҳисоби 2 бар 3 ба фоидаи меҳмонони суриягӣ анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби моро дар ин бозӣ Нуриддин Давронов ва Аҳтам Ҳамроқулов ба самар расонданд.
Таърихи рақобатҳои мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия
ҶҶ-2006. Марҳилаи интихобӣ
Сурия – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Гол Тоҷикистон: Акмал Холматов, 34.
10 июни соли 2004, Хомс
ҶҶ-2006. Марҳилаи интихобӣ
ТОҶИКИСТОН – Сурия – 0:1
Пеналтии амалинашуда: Раҳматулло Фузайлов (Тоҷикистон).
8 сентябри соли 2004, Душанбе
ҶҶ-2014. Марҳилаи дуюми интихобӣ. Бозии якум
Сурия – ТОҶИКИСТОН – 0:3 (натиҷаи техникӣ)
23 июли соли 2011, Амман, Урдун
ҶҶ-2014. Марҳилаи дуюми интихобӣ. Бозии ҷавобӣ
ТОҶИКИСТОН – Сурия – 3:0 (натиҷаи техникӣ)
28 июли соли 2011 , Турсунзода
Бозии дӯстона
ТОҶИКИСТОН – Сурия – 2:3
Голҳои Тоҷикистон: Нуриддин Давронов, 41, Аҳтам Ҳамроқулов, 88.
31 марти соли 2015, Душанбе