Шариф Назаров дебюти худро дар “Хайр” бо ғалаба оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Шариф Назаров дебюти худро дар “Хайр” бо ғалаба оғоз мекунад

Дар бозии якуми расмӣ зери роҳбарии Шариф Назаров дастаи футболи “Хайр”-и Ваҳдат пирӯзӣ ба даст овард. Шогирдони маэстрои футболи тоҷик дар даври ифтитоҳии чемпионати ҷашнии 25-уми Тоҷикистон дар майдони худ бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби калони 4 бар 0 пирӯз шуданд.

Дар бозӣ бо “Равшан” дастаи “Хайр” қариб, ки тамоми ду қисм бо ҳайати 10 нафара бозӣ кард. Ҳанӯз дар дақиқаи 7-уми вохӯрӣ барои фоли “умеди охирон” муҳофизатгари соҳибони майдон Идибек ҳабибуллоев бо корти сурх огоҳонида шуда, аз майдон берун карда шуд. Аммо бо ҳамин ҳайати 10 нафара “Хайр” муваффақ шуд, ки ба дарвозаи меҳмонони кӯлобӣ чор голи беҷавоб занад. Ҳисобро дар дақиқаи 42 вохӯрӣ легионери ганагии “Хайр” Мисиам Иносент боз кард. Баъд аз анҷоми танаффус, дар қисми дуюми дидор легионери дигари соҳибони майдон аз давлати Гана Агблей Ҷонес се маротибаи дигар ба дарвозаи Амирҷон Ҳоҷимуродов гол зад.  Ба ин тартиб, легионери ганагии “Хайр” муаллифи аввалин хетт-трики чемпионати ҷашнии 25-уми Тоҷикистон шуд.

Дар бозии дигари ин давр дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ки имсол боз ба элитаи футболи кишвар бозгашт, дар майдони худ “Барқчӣ”-ро аз Душанбе қабул намуд. Ин бозӣ бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт. Ҳисоби бозиро дар ин вохӯрӣ меҳмонони душанбегӣ боз карданд. Голи аввалро Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонд. Ҳикмат Расулов аз “Ҳосилот” ҳисобро баробар сохт. Ҳамлагари душанбегиҳо ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Комил Саидов боз барқчиёнро ба сафи пеш баровард. Дар дақиқаи 85 бозӣ бошад, легионери ганагии “Ҳосилот” Аккуфо Гершон голи дуюми соҳибони майдонро зада, ҳисобро баробар сохт.

Бозиҳои даври дуюми чемпионати Тоҷикистон рӯзҳои 16-17 апрел доир мешаванд. Рӯзи шанбеи 16 апрел “Равшан” бо “Ҳосилот” ва КМВА “Помир” бо “Хуҷанд” вомехӯранд. Рӯзи якшанбеи 17 апрел бошад, “Истиқлол” – “Барқчӣ”, “Вахш” – “Хайр” ва “Парвоз” – “Регар-ТадАз” дидор мекунанд. 

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Хайр» – «Равшан» – 4:0

Голҳо: Мисиам Иносент, 42 (1:0). Агблей Ҷонес, 56 (2:0). Агблей Ҷонес, 71 (3:0). Агблей Ҷонес, 73 (4:0).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Эраҷ Раҷабов, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Идибек Ҳабибуллоев, Далер Шарипов, Маҳмадалӣ Содиқов, Вайсиддин Сафаров, Баҳодур Шарифов, Мисиам Иносент (Парвиз Ҳамидов, 83), Муҳсин Парпиев (Самад Шоҳзуҳуров, 61), Агблей Ҷонес (Яҳаё Муборак, 74).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Сайдамири Сайдаҳмад, Фаридун Рустамов, Музаффар Назаров, Саидхони Амрохон, Абдураҳмон Нозимов, Хуршед Каримов (Аваз Қамчинов, 65), Шаҳром Каримов (Зокир Абдулхайров, 46), Тоҳири Баҳром (Комрони Саидзод, 46), Далер Чолов, Абубакр Азимов.

Огоҳонида шудандАгблей Ҷонес, Баҳодур Шарифов («Хайр»), Тоҳири Баҳром, Зокир Абдулхайров, Далер Чолов, Шаҳром Каримов («Равшан»).

Аз майдон хориҷ шудИдибек Ҳабибуллоев («Хайр»), 7 – барои фоли «умеди охирон».

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАгблей Ҷонес («Хайр»).

СардоварХуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 7,8 хол.

Нозири бозӣРаҳимҷон Шарипов (Душанбе).

10 апрел. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 5500 тамошобинон.

 

«Ҳосилот» – «Барқчӣ» – 2:2

ГолҳоЭҳсони Панҷшанбе, 26 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 41 (1:1). Комил Саидов, 64 (1:2). Акуффо Гершон, 80 (2:2).

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Мусо Содиқ, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Иброҳим Рабимов (Хайрулло Азизов, 86), Орзу Додхудоев, Сафаралӣ Каримов, Ҳикматулло Расулов, Абдурасул Раҳмонов, Наврӯз Рустамов (Акуффо Гершон, 71).

«Барқчӣ» (Душанбе): Шаҳром Исмоилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Ойбек Абдуғаффоров, Табрези Давлатмир, Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Хуршед Маҳмудов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Ҳокимҷон Ҳасанов (Суннатулло Холов, 46), Амирҷон Сафаров, Комил Саидов (Ҳиматулло Малодустов, 90+3).

Огоҳонида шудандҲасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Иброҳим Рабимов («Ҳосилот»), Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Акуффо Гершон («Ҳосилот»), 85 –барои зарба задан ба рӯи ҳариф, Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), 85 – барои зарба задан ба ишками ҳариф.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣҲикматулло Расулов («Ҳосилот»).

СардоварНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири бозӣНасриддин Азизов (Қабодиён).

10 апрел. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобинон.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 4-0 3
2 «Хайр» (Ваҳдат) 1 1 0 0 4-0 3
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1 1 0 0 2-1 3
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 1 0 0 2-1 3
5 «Барқчӣ» (Душанбе) 1 0 1 0 2-2 1
6 «Ҳосилот» (Фархор) 1 0 1 0 2-2 1
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 1 0 0 1 1-2 0
8 КМВА «Помир» (Душанбе) 1 0 0 1 1-2 0
9 «Равшан» (Кӯлоб) 1 0 0 1 0-4 0
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 1 0 0 1 0-4 0

НишонзанҳоАгблей Ҷонес («Хайр») – 3 голФатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 2 гол.

 

Дар даври 2-юм вомехӯранд:

16 апрел (шанбе)

Оғоз соати 16:00

«Равшан» – «Ҳосилот»

КМВА «Помир»  «Хуҷанд»

17 апрел (якшанбе)

Оғоз соати 16:00

«Истиқлол» – «Барқчӣ»

«Вахш» – «Хайр»

«Парвоз» – «Регар-ТадАЗ»

Добавить комментарий