Шариф Назаров аз мактаб-интернати Шаҳринав дидан кард – Федерация Футбола Таджикистана

Шариф Назаров аз мактаб-интернати Шаҳринав дидан кард

Ба наздикӣ мураббии шоистаи ИҶШС Шариф Назаров, ки рӯзи 23 феврал ба синни 70-солагӣ хоҳад расид, аз мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав дидан намуд. Шариф Назаров аз тарбиятгирандагони солҳои 50-уми асри гузаштаи ин мактаб-интерат мебошад.

Шариф Назаров ба тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат тӯб ва сарулибоси футболӣ, шириниву нӯшокиҳои нурӯбахш тӯҳфа намуд. Бозии дӯстона оид ба футболи хурд, ки байни дастаҳои футболи шогирдони Мактаби футболи «Помир»-и Шариф Назаров ва мактаб-интернати Шаҳринав доир гардид, хеле шавқовару ҷазоб сурат гирифта, мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт.

Вохӯрии маэстрои футболи тоҷик Шариф Назаров баъд аз солҳои зиёд бо муаллимону дӯстони даврони кӯдакияш бисёр самимонаву таъсирбахш доир шуд.

Добавить комментарий