Шабакаи телевизионии «Варзиш» истеъдодҳоро ҷустуҷӯ дорад – Федерация Футбола Таджикистана

Шабакаи телевизионии «Варзиш» истеъдодҳоро ҷустуҷӯ дорад

Ба наздикӣ дар Тоҷикистон нахустин шабакаи телевизионии варзишии «ТВ Варзиш» ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Шабака барномаҳои худро дар формати муосири телевизионии ҳалли баланди HD пахш хоҳад кард. Он гуна ки ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ТВ «Варзиш» хабар доданд, айни замон корҳои омодагӣ барои пахши барномаҳо идома доранд.

Дар алоқамандӣ ба ин мавзу ТВ «Варзиш» барои фаъолият мутахассисони зеринро даъват мекунад:

1. Режиссёр.

2. Мутахассиси видеомонтаж.

3. Рӯзноманигор.

4. Шореҳ ва барандаи барномаҳо.

5. Муҳаррир.

Талаботҳои асосӣ – донишу малака бояд ба сатҳи сифатан нави телевизиони муосир ҷавобгӯ бошанд.

Лутфан, ҳолномаи (резюме) худро ба воситаи почтаи электронии pnorov83@mail.ru ирсол намоед ва ё ҳуҷҷатҳоятонро метавонанд ба шӯъбаи кормандони ТВ «Варзиш» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25 пешниҳод созед.

Барои маълумоти бештар метавонед бо телефонҳои 2219064, 2219032 тамос бигиред.

Добавить комментарий