Семинари нозирон оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Семинари нозирон оғоз шуд

Имрӯз, 6-уми апрел, дар меҳмонхонаи «Пойтахт» семинари ҷумҳуриявии нозироне, ки аз ҷониби Лигаи милии футболи Тоҷикистон барои хизматрасонии бозиҳои чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ тавсия шудаанд оғоз шуд.

Семинарро дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев ҳусни оғоз бахшида, нахуст иштирокчиёнро хайра мақдам гуфт ва ба онҳо роҳбари нави кумитаи нозирони ФФТ-ро муаррифӣ кард. Ба ин вазифа имсол менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов таъин шуд.

Семинари нозирон се рӯз идома меёбад ва дар он бештари 25 нафар нозирон иштирок мекунанд. Барномаи семинар донистани қоидаҳои футболро ба таври тестӣ ва лексияҳоро дар мавзӯи баҳогузории доварон фаро мегирад.

Добавить комментарий