Семинари АФК барои кормандони матбуот ва хадамоти бехатарии клубҳои футбол – Федерация Футбола Таджикистана

Семинари АФК барои кормандони матбуот ва хадамоти бехатарии клубҳои футбол

Ба таваҷӯҳҳи клубҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон! Дар доираи барномаҳои рушди лигаҳои футбол Конфедератсияи футболи Осиё рӯзҳои 10 – 11 август дар Душанбе барои кормандони матбуот ва хадамоти бехатарии клубҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон семинар мегузаронад.

Ба иттилои офитсери рушди Конфедератсияи футболи Осиё Йогеш Десаи, семинаро барои кормандони матбуоти бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон роҳбари медиа-департаменти АФК Эмилия Хинкканен аз Финландия ва барои кормандони хадамоти бехатарии клубҳо бошад, менеҷер оиди бехатарии шӯъбаи мусобиқаҳои АФК Шоҳин Раҳмонӣ аз Эрон хоҳанд гузаронд.

Оиди макони баргузории ин чорабиниҳо ба таври иловагӣ хабар медиҳем.

Добавить комментарий