Семинар-машварати комиссарони ЛФТ баргузор гашт – Федерация Футбола Таджикистана

Семинар-машварати комиссарони ЛФТ баргузор гашт

Лигаи футболи Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи ФФТ барои комиссароне, ки дар қисми дуюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ бозиҳоро хизматрасонӣ мекунанд, семинари машваратӣ гузаронд.

Дар кори семинарии машваратӣ директории генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, ҷонишини директори ЛФТ Сайвалӣ Шоқурбонов, роҳбари департамети байналмилалии ФФТ Давлатманд Исломов, ки аз соли 2011 комиссари АФК мебошад, сардори шӯъбаи доварону нозирони ФФТ Абдураҳим Бобоев, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқаҳои ЛФТ Бобоҷон Қаландаров, сармутахассиси ЛФТ Сергей Алмухаммедов ва комиссароне, ки минбаъд бозиҳоро хизматрасонӣ мекунанд, иштирок намуданд.

Иштирокчиёни семинар ба нақшу ӯҳдадориҳои камиссари бозӣ шинос шуда, мавзуро дар якҷоягӣ ба тарзи кушод мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Комисарони оянда ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Директори Лига Алишер Урунов инчунин рӯйхати тасдиқшудаи комисаронро низ эълон намуд. Ба рӯйхат 14 нафар мумтахассисон шомил шуданд. Ин мутахассисон дар ниммаи дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ вохӯриҳоро хизматрасонӣ хоҳанд кард. Инҳо Давлатманд Исломов, Шавкат Ахмедов, Раҳмон Муртазоев, Ҷовидон Ҳасанов, Комрон Шодиев, Анваршо Мирзоев, Эраҷ Носеҳов, Субҳон Хоҷамов, Шавкат Сатторов, Пулод Қодиров (ҳама аз Душанбе), Азизҷон Достиев (Турсунзода), Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд), Шӯҳрат Шамсиев ва Асрор Шораҷабов (ҳарду аз Истаравшан) мебошанд..

Ёдрас мешавем, ки сар аз оғози бозиҳои қисми дуюми чемпионат Лигаи футболи Тоҷикистон бо тавсияи Конфедератсияи футболи Осиё дар баробари нозирон дар бозиҳои чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ комиссаронро низ таъин мекунад. Ҳақи хизмати комисаронро Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт мекунад. Харҷҳои сафарбарнамоӣ (хӯрокпулии шабонарӯзӣ, роҳкиро ва маблағи истиқомат) бошад аз ҳисоби клубҳои футбол пардохт мешаванд. Вазифаи комиссарони Лигаи футболи Тоҷикистон  аз ташкил ва назорати баргузории вохӯриҳо иборат аст. Нозирон бошанд кори ҳайати доваронро баҳогузорӣ мекунанд.

Добавить комментарий