Се голи бе ҷавоби “Хуҷанд” ба дарвозаи “Хайр” – Федерация Футбола Таджикистана

Се голи бе ҷавоби “Хуҷанд” ба дарвозаи “Хайр”

Дар доираи бозиҳои даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон “Хуҷанд”-Хуҷанд дар “майдони худ” дастаи “Хайр”-и Ваҳдатро қабул кард. Вохӯрӣ бо бартарии пурраи дастаи соҳили Сирдарё ҷараён гирифта, бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 анҷом ёфт. Баъди ин ғалаба “Хуҷанд” ба зинаи дуюми ҷадвали чемпионат баромад.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Голҳои ғолибонро Бахтиёр Чориев дар дақиқаи 21-ум, Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 57-ум ва Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 90+3 ба самар расониданд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 7-ум

«ХУҶАНД» – «ХАЙР» – 3:0

Голҳо: Бахтиёр Чориев, 21 (1:0). Иброҳим Рабимов, 57 (2:0). Фарҳод Тоҳиров, 90+2 (3:0).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Валерий Кашуба, Комрони Мирзохон, Манучеҳр Ҳасанов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ  Каримов, Бахтиёр Чориев, Иброҳим Рабимов (Вайсиддин Сафаров, 87), Дилшод Каримов, Ҷаҳонгир Алиев (Сергей Абрамов, 90+4), Дилшод Бозоров (Фарҳод Тоҳиров, 63), Аҳтам Ҳамроқулов.

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Баҳодур Шарифов, Жаке Сефах, Франсис Био (Парвиз Ҳомидов, 63), Маҳмадалӣ Содиқов, Акмал Сабуров, Алишер Улмасов, Меҳроҷиддин Музаффаров, Андох Наполеон (Фирӯз Шамсиев, 53), Муҳсин Парпиев.

Огоҳонида шуданд: Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»), Жаке Сефах, Меҳроджиддин Музаффаров («Хайр»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Иброҳим Рабимов («Хуҷанд»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

24 май. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 5000 тамошобинон.

 

29 май (ҷумъа)

Оғоз соати 17:00

«ИСТИҚЛОЛ» — «РЕГАР-ТАДАЗ»

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 6 6 0 0 27-2 18
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 7 4 2 1 12-5 14
3 «Хайр» (Ваҳдат) 7 4 1 2 12-11 13
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 3 3 0 11-6 12
5 «Равшан» (Кӯлоб) 7 3 1 3 10-15 10
6 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 6 2 2 2 7-5 8
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 7 2 1 4 5-11 7
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 7 1 3 3 2-7 6
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 6 1 1 4 3-11 4
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 0 0 7 0-16 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») –  4 голӣ, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ, Комрон ТУРСУНОВ (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 3 голӣ.

Добавить комментарий