Муҳофизатгари «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби Тоҷикистон Соҳиб Саванқулов дар Ҳиндустон бомуваффақият ҷарроҳӣ шуд.
Муҳофизатгари «Истиқлол» Соҳиб Саванқулов аз зонӯи росташ ҷарроҳӣ шуд. Баъд аз ташхиси тиббӣ қарор шуд, ки бозигар барои ҷарроҳӣ ба хориҷи кишвар сафарбар карда шавад. Саванқулов дар клиникаи тиббии маъруфи «Аполло» дар Ню-Делии Ҳиндустон ҷарроҳӣ карда шуда, дирӯз ба Ватан баргашт. Ба гуфти худи мухофизатгар, ӯ айни ҳол худро хеле роҳат ва хуб ҳис мекунад. Барои пурра барқарор шудан ва ба майдони футбол баромадан ба Саванқулов се моҳ мӯҳлат зарур аст.
«Худро хуб ҳис мекунам. Табибон амалиёти ҷарроҳиро бомуваффақият арзёбӣ карданд. Ҷараёни барқароршавӣ се моҳ бояд идома кунад. Маҳз, бо дастгирии президенти бошгоҳи «Истиқлол» Шоҳрух Саидов ва ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзоев ба ман имкон шуд, ки зонӯямро ҷарроҳӣ кунам. Тамоми харҷҳои вобаста ба ҷарроҳӣ шудан аз ҷониби онҳо пардохт карда шуд. Мехоҳам сипосгузории самимонаи худ ва аҳли хонаводаамро барои ин дастгирияшон ба онҳо баён созам», – иброз намуд Саванқулов.