«Саройкамар» ва «Панҷшер» пешсафони лигаи якуми Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

«Саройкамар» ва «Панҷшер» пешсафони лигаи якуми Тоҷикистон

Дар даври нуҳуми бозиҳои лигаи якуми Тоҷикистон «Саройкамар»-и Панҷ «Чашма»-и Шаҳритусро бо ҳисоби калони 6 бар 0 шикаст дода, ҷойи аввали ҷадвали мусобиқаро ба худ боз гардонд. «Саройкамар» бо 21 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

Пешсафи дигари ҷадвали мусобиқа – «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ин давр ғайриинтизор ба мағлубият дучор шуд. Дружинаи Тухтабой Абдураҳимов дар майдони худ аз аутсайдери мусобиқа «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 2 бар 3 мағлуб шуд. Ин бохти «Кӯктош» ба фоидаи «Помир»-и Душанбе шуд. «Помир» дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Ҳулбук»-и Восеро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб сохта, ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа баромад.

Аз натоиҷи дигар бошад, ҳаминро гуфтанием, ки «Коммуна»-и Фархор дар майдони худ бар «Канд»-и Конибодом бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуда, «Исфара»-и Исфара дар меҳмонӣ бар «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуд.

Дар мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон танаффуси тобистона эълон шуд. Мусобиқа моҳи июл аз сари нав шурӯъ мешавад. Бозиҳои даври навбатии мусобиқа рӯзҳои 19 ва 20 июл доир хоҳанд шуд.

 

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 9-ум

«Коммуна» – «Канд» – 3:2

Голҳо: Фарҳод Акрамов, 22 (0:1). Беҳрӯз Мамедов, 37 (1:1). Диловар Шарипов, 45 (1:2). Беҳрӯз Мамедов, 45+2 – аз пеналти (2:2). Беҳрӯз Мамедов, 89 (3:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Беҳрӯз Мамедов («Коммуна»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

18 июн. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

 

«Помир» – «Ҳулбук» – 2:0

Голҳо: Фаридун Неъматов, 75 – аз пеналти (1:0). Тоҳир Малодустов, 85 (2:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Шоҳин Ҷалилов («Ҳулбук»),

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Тоҳир Малодӯстов («Помир»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе) – 6,2 хол.

Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

18 июн. Душанбе. Майдони эҳтиётии варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

 

«Парвин» – «Кӯктош» – 4:2

Голҳо: Некрӯз Козимов, 7 (0:1). Фозилҷон Сатторов, 14 (1:1). Шоҳназар Назаров, 32 (1:2). Парвиз Саидмуродов, 53 (2:2). Саидҷон Замонов, 69 (3:2). Саидҷон Замонов, 84 (4:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Фахриддин Сафарзода («Кӯктош»), 71 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Саидҷон Замонов («Парвин»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа) – 6,7 хол.

Нозири бозӣ: Насриддин Азизов (Қабодиён).

18 июн. Бохтар. Варзишгоҳи марказӣ. 800 тамошобин.

 

«Панҷшер» – «Зарафшон» – 2:3

Голҳо: Абдухалил Боронов, 12 (1:0). Фозил Ҳабибов, 32 (1:1). Фозил Ҳабибов, 62 (1:2). Абдухалил Боронов, 88 (2:2). Ҷасур Саидов, 90+1 (2:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фозил Ҳабибов («Зарафшон»).

Сардовар: Эркин Мадибоев (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Султон Қсимов (Душанбе).

19 июн. Балхӣ. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

 

«Саройкамар» – «Чашма» – 6:0

Голы: Ҳусейн Умаров, 23 (1:0). Умедҷон Авазов, 25 (2:0). Ҷонибек Ғаффоров, 58 (3:0). Сайфулло Мамадуллоев, 61 – ба дарвозаи дастаи худ (4:0). Хуршед Ямаков, 75 (5:0). Фаридун Шодиев, 85 (6:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фаридун Шодиев («Саройкамар»).

Сардовар: Умед Рахимов (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

19 июн. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.

 

«Ваҳдат» – «Исфара» – 0:2

Голҳо: Муҳаммад Ҳасанов, 90+1 (0:1). Абдусубҳон Раҳимов, 90+2 (0:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Абдусубҳон Раҳимов («Исфара»).

Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода) – 7,8 хол.

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

20 июн. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 500 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 8 7 0 1 21-4 21
2 «Панҷшер» (Балхӣ) 9 7 0 2 22-7 21
3 «Помир» (Душанбе) 9 5 2 2 20-11 17
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 8 5 1 2 18-7 16
5 «Исфара» (Исфара) 8 5 1 2 13-7 16
6 «Парвин» (Бохтар) 8 4 1 3 15-16 13
7 «Ҳулбук» (Восе) 8 3 1 4 16-15 10
8 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 8 3 1 4 8-18 10
9 «Чашма» (Шаҳритус) 9 2 2 5 15-23 8
10 «Канд» (Конибодом) 8 2 1 5 9-17 7
11 «Коммуна» (Фархор) 9 2 1 6 8-18 7
12 «Локомотив» (Душанбе) 8 1 2 5 7-18 5
13 «Зарафшон» (Панҷакент) 8 1 1 6 9-20 4

Нишонзанҳо: Абдухалил Боронов («Панҷшер») – 14 гол, Фирдавс Зайнуллозода («Чашма») – 12 гол, Некрӯз Козимов («Кӯктош») – 9 гол, Адҳам Абдуллоев («Кӯктош»), Шаҳром Самиев, Тоҳир Малодустов ҳар ду аз  «Помир») – 5 голӣ.

 

Дар даври 10-ум вомехӯранд:

19 июл (сешанбе)

Оози бозиҳо соати 18:00

«Панҷшер» – «Саройкамар»

«Исфара» – «Зарафшон»

«Кӯктош» – «Ваҳдат»

20 июл (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:00

«Ҳулбук» – «Парвин»

«Канд» – «Помир»

«Локомотив» – «Коммуна»

Добавить комментарий