Санаи баргузории бозии «Вахш» – «Барқчӣ» тағйир дода шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Санаи баргузории бозии «Вахш» – «Барқчӣ» тағйир дода шуд

Бозии даври ёздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Вахш” (Қӯрғонтеппа) ва “Барқчӣ” (Ҳисор) рӯзи 18 май, соати 17:00 дар Варзишгоҳи “Пахтакор” доир мешавад.

Мувофиқи тақвими қаблӣ ин бозӣ бояд рӯзи 20 май баргузор мегашт. Аммо алоқамандона ба баргузории чорабиниҳои идона бахшида ба Соли ҷавонони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Лигаи футболи мамлакат қарор кард, ки бозӣ рӯзи 18 май гузаронида шавад.

Добавить комментарий